Хабарҳо
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд - 08.12.2018 23:32
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст) - 08.12.2018 15:32
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ - 08.12.2018 15:23
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд - 08.12.2018 07:37
Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик - 08.12.2018 07:35
Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ - 08.12.2018 07:33
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 07:32
Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло - 08.12.2018 07:30

Гулистон. Ба иқтисодиёти шаҳр 696,7 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардид

( 0 Овоз )

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҷаласаи фаъолон доир ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2017 баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар ҷаласа муовини раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода оид ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли сипаршуда гузориш дод. Зикр гардид, ки дар соли 2017-ум тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолияти бомаром ва бонизом доштанд. Аз ҷумла, ба иқтисодиёти шаҳр дар соли ҳисоботӣ 696,7 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардида, аз он 668,8 миллион сомониро инвеститсияи хориҷӣ ва 27,9 миллион сомониро инвеститсияи дохилӣ ташкил дод. Қисми даромади буҷети давлатӣ 109,8 фоиз таъмин гардида, нақшаи даромади буҷети шаҳр 111,9 дарсад иҷро шуд.

Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода зимни таҳлили фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ба масъулини соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, энергетика, ҷамоати шаҳракҳо доир ба ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо дод.

Дар кори ҷаласаи фаъолони шаҳр намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Гулистон. Ба иқтисодиёти шаҳр 696,7 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардид