Хабарҳо
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд - 08.12.2018 23:32
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст) - 08.12.2018 15:32
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ - 08.12.2018 15:23
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд - 08.12.2018 07:37
Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик - 08.12.2018 07:35
Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ - 08.12.2018 07:33
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 07:32
Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло - 08.12.2018 07:30

Мулоқоти гуруҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

Гуруҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Бӯстон вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов ва Дилрабо Мансурӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нуров ва Рустам Юлдошев оид ба нуктаҳои муҳимтарини Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуда, марҳила ба марҳила ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатиро фоли нек дар раванди давлатдории навини миллӣ арзёбӣ карданд. Қайд карда шуд, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар барои расидан ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаанд.

Дар интиҳои мулоқот донишҷӯи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бобоев ва сарвари литсеи рақами 1 Рухсора Абдуғаффорзода андешаҳои хешро роҷеъ ба Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баён доштанд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории мулоқотҳо дар коргоҳу муассисаҳо ва қисмҳои низомии шаҳри Бӯстон идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти гуруҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Бӯстон