Хабарҳо
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд - 08.12.2018 23:32
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст) - 08.12.2018 15:32
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ - 08.12.2018 15:23
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд - 08.12.2018 07:37
Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик - 08.12.2018 07:35
Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ - 08.12.2018 07:33
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 07:32
Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло - 08.12.2018 07:30

Суғд: Ба маблағи 504 миллиону 995,6 ҳазор доллари ИМА маҳсулот содирот шуд

( 0 Овоз )

Соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 2 миллиарду 50 миллиону 124,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 77,2 фоиз ё 1 582 881,6 ҳазор доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 22,8 фоиз ё 467 243,2 ҳазор доллар рост меояд.

Тавре аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли 2017 содироти мол 504 995,6 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2016-ум 13,1 фоиз ё 58 647,1 ҳазор доллар зиёд шудааст. Воридоти мол ба вилоят 1 545 129,2 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 8,5 фоиз ё 120583,7 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки зиёдшавии суръати рушди содирот асосан аз ҳисоби содироти маҳсулоти маъданӣ – 61,9 фоиз, калобаи пахтагин – 19,4 фоиз ба амал омадааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Ба маблағи 504 миллиону 995,6 ҳазор доллари ИМА маҳсулот содирот шуд