Хабарҳо
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд - 08.12.2018 23:32
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст) - 08.12.2018 15:32
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ - 08.12.2018 15:23
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд - 08.12.2018 07:37
Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик - 08.12.2018 07:35
Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ - 08.12.2018 07:33
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 07:32
Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло - 08.12.2018 07:30

Мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони Исфара

( 0 Овоз )

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Исфара мулоқоту суҳбатҳо доир намуда истодааст.

Дар мулоқоте, ки дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара доир шуд, директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии - тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинов ва профессори Донишгоҳи забонҳои ба номи Сотим Улуғзода Аъзам Худойдодов доир ба Паёми Пешвои миллат суҳбат намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки таҷрибаи давлатдорӣ дар 26 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки воқеан ҳам дар меҳвари сиёсати давлат маҳз масъалаи инсон, боло бурдани сатҳи иҷтимоии ӯ, ҳифз, тақвият ва истифодаи самараноки неруи инсонӣ ва мусоидат ба камолоти ҳамаҷонибаи ӯ истода, мақсади рушд низ маҳз ба ҳамин самт равона шудааст. Зеро сиёсате, ки ҷавҳари онро инсондӯстӣ ташкил медиҳад, сиёсати устувор ва башардӯстона буда, баҳри такомул ва ғанигардонии сармояи инсонӣ имконияти ғанӣ дорад. Ҷиҳати тақвияти фаъолият дар ин самт ва ба даст овардани ҳадафҳои гузошташуда, дар Паёми навбатии Пешвои миллат тадбирҳои мушаххас баён гардиданд, ки бори дигар эътимоди мардумро ба пуштибонии давлату Ҳукумат, бахусус содиқ будан баҳри иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии ниҳодҳои давлатӣ дар назди ҷомеа комил мегардонад.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир дифоъ аз истиқлолияту озодӣ ва таъриху фарҳанги хеш- ин дифоъ аз номусу нанги худ дар масири пурифтихори ватандорист. Маҳз аз ҳамин сабаб таъкидҳои Пешвои миллат дар хусуси «сафарбар намудани саъю кӯшиш дар навбати аввал ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар давлати азизамон» бояд маънии зиндагӣ ва қарзи фарзандии ҳар як соҳибватан бошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони Исфара