Хабарҳо
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ. - 13.12.2018 14:07
БА ЗОНУ ЗАНЕДУ ТАВБА КУНЕД! 10 ШАРТИ “ФАБРИКАИ ҶАВОБ” БА ҲНИТ - 13.12.2018 13:55
Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид - 13.12.2018 11:26
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:27
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:22

Спитамен. Даври ноҳиявии озмуни «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» доир гардид

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Спитамен даври ноҳиявии озмуни «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» баргузор ва номи ғолибон эълон гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, Маркази таълимии истеҳсолии «Гулибодом»-и Ҷамоати деҳоти Тағояк беҳтарин маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ дониста шуд. Маркази таълимии истеҳсолии «Куруш»-и Ҷамоати деҳоти Куруш ғолиби бахши “Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст” гардид. Маркази таълимӣ - истеҳсолии «Наргиза» аз Ҷамоати шаҳраки Навкат ғолиби бахши “Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд шогирд омода намудааст” ва Маркази таълимии истеҳсолии «Ориёно» ғолиби бахши “Сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф” дониста шуд. Ба иттилои манбаъ ба ғолибони озмун Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Бояд гуфт, ки озмуни вилоятии “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 октябри соли 2017, №485 доир мешавад. Алҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даврии минтақавии озмун баргузор шуда истодааст. Пас аз анҷоми даври минтақавӣ беҳтаринҳо ба даври вилоятии озмун роҳхат мегиранд. Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни вилоятии “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” 10 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахши “Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст” соҳиби 7, 5 ва 3 ададӣ дастгоҳи атласу адрасбофӣ мешаванд. Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахши “Маркази таълимӣ-истеҳсолии хонагие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст” мутаносибан 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва як ададӣ дастгоҳи атласу адрасбофӣ тақдим мешавад.

Ба соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахшҳои “Маркази таълимӣ-истеҳсолие, ки аз ҳама зиёд шогирд омода намудааст” ва “Сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф” мутаносибан  7, 5 ва 3 ададӣ дастгоҳи атласу адрасбофӣ супорида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спитамен. Даври ноҳиявии озмуни «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» доир гардид