Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.09.2018 15:56
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2018 15:59
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03

“Иҷлосияи наҷотбахши миллат”- конференсияи илмӣ-амалӣ дар Исфара

( 0 Овоз )

Дар кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Иҷлосияи наҷотбахши миллат”  конференсияи илмӣ-амалӣ  доир шуд.

Дар конференсия раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ оид ба нақши Иҷлосия дар таърихи навини тоҷикон, ҳасосияти он рӯзҳо, санадҳои ҳуқуқии қабулгардида изҳори назар кард. Мавсуф таъкид намуд, ки маҳз туфайли Иҷлосияи мазкур ва ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 25 сол Тоҷикистон тавонист ба яке аз кишварҳои дар ҳоли рушд табдил ёбад.

Сипас устодони бахши исфарагии ДТТ Умрониддин Араббеков ва Савриддин Мамадҷонов дар мавзӯъҳои «Иҷлосияи тақдирсози миллат» ва «Қасри Арбоб — тавлидгоҳи арбоби сиёсӣ» маърӯза намуданд. Муовини раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Обидбой Аҳмадов дар мавзӯи «Дурахши ситораи миллат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, оид ба кору пайкори Пешвои миллат ва аз вартаи нестӣ баровардани Тоҷикистон ёдовар шуд.

Вакили бевоситаи Иҷлосияи мазкур Гулафзо Савриддинова бошад хотираҳои худро аз ин иҷлосияи таърихӣ баён дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд “Иҷлосияи наҷотбахши миллат”- конференсияи илмӣ-амалӣ дар Исфара