Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ - 11.12.2017 11:40
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун - 11.12.2017 11:38
Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 11:36
РАТС ШОС всегда открыта для сотрудничества в интересах консолидации международных усилий по борьбе c терроризмом - 11.12.2017 10:04
Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард - 08.12.2017 12:20
СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд - 08.12.2017 10:39
Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт - 08.12.2017 10:37
Ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи молия - 07.12.2017 16:50
Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор шуд - 07.12.2017 15:41
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот мекунанд - 07.12.2017 11:53

Баргузории даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2017» дар Конибодом

( 0 Овоз )

Дар толори фарҳангии “Бодом” –и шаҳри Конибодом даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2017» баргузор гардид.

Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2017» баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо ва бахшида ба Соли ҷавонон, инчунин 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар фестивали мазкур аз ҷониби тарроҳон либосҳои кӯдакона, арӯсию домодӣ, расмӣ, миллии қадима, идона ва ғайра пешкаш гардонида шуд. Дар натиҷа, аз рӯйи номинатсияҳои гуногун ғолибон муайян гардиданд. Аз рӯи намуди либоси бачагона тарроҳ Собирова Дилором аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон, аз рӯи намуди либоси қадима ва рӯзмарра тарроҳ Боҳирова Матлуба аз коллеҷи омӯзгорӣ, либоси идона Исоева Фарангис, аз рӯи намуди либоси арӯсию домодӣ тарроҳ Мамадҷонова Шаҳло ғолиб дониста шуданд.

Ба ғолибон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр диплом, сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2017» дар Конибодом