Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Баргузории Форуми соҳибкорон ва шаркиони рушди ноҳияи Спитамен

( 1 Овоз )

Дар Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамаен бо доираи васеъи соҳибкорони ноҳия, консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони ташкилотҳои байналхалқии хориҷӣ, шарикони рушд ва соҳибкорони муваффақ  Форуми соҳибкорон ва шаркиони рушди ноҳияи Спитамен баргузор гардид.

Нахуст раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим Форумро ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии гузаронидани Форуми соҳибкорон ва шарикони рушд ин ҷалби бештари сармоягузорӣ барои рушди ноҳия, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоидат барои пешрафти кори соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Дар ҷараёни форум лоиҳаҳои мухталиф муаррифӣ гардида, барои татбиқ пешниҳод шуд.

Зимни муаррифии лоиҳаҳо раиси ноҳия изҳор дошт, ки баргузории форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ барои иштирокчиёни он имкониятҳои фарохеро барои муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил фароҳам меорад.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар рафти форум доир ба бунёди коргоҳи истеҳсоли хишт ва истеҳсоли мех дар Ҷамоати деҳоти Куруш, бунёди нуқтаи савдои замонавӣ ва толори тобистонаи намоиши филмҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкат ва бунёди ҳаммоми замонавӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкат миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва соҳибкорон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар охири форум изҳори умед карда шуд, ки соҳибкорону сармоягузорон ҳамчун нерӯи созанда минбаъд низ дар ободонии Ватан ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум саҳми муносиб мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории Форуми соҳибкорон ва шаркиони рушди ноҳияи Спитамен