Хабарҳо
Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Корномаҳои ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расид - 24.11.2017 14:16
Дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов пули нави мошингузар мавриди истифода қарор гирифт - 24.11.2017 13:36
Мастчоҳ. Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурӣ ба истифода дода шуд - 24.11.2017 13:36
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исфара - 24.11.2017 13:35
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ - 24.11.2017 11:30
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКСҲО/ - 24.11.2017 11:21
Дар Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дави миллӣ ва веломарафон доир гардид - 24.11.2017 10:22
Раҳпаймоии ҷавонони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2017 10:19
Собиршо Ҳасанов: «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад» - 24.11.2017 07:35
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - 23.11.2017 16:28

Мулоқоти Маҳмадалӣ Ватанзода бо сокинони вилоят

( 0 Овоз )

Дирӯз дар толори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд мулоқоти Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини соҳа ва раисони комиссияҳои доимии маҳаллии шаҳру навоҳии вилояти Суғд оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар бораи моҳият ва мазмуни мулоқот андешаронӣ карда гуфт, ки мулоқоти мазкур баҳри фаҳмонидани нуқтаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо доир мешавад.

Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ зимни баромади худ гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуданд. Лоиҳаҳои пешниҳодгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд. Он чанде қабл аз ҷониби мақомоти қонунгузории кишвар баъди баррасӣ ҳукми расмӣ гирифт.

Ҳадафи асосии тағйиру иловаҳо ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама пешгирӣ аз зиёдаравӣ ва баланд бардоштани сатҳу зиндагии мардум, муҳайё намудани зиндагии шоиста мебошад.

Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамчунин доир ба муҳтавои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки низ тағйиру иловаҳо пешниҳод гардида, ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзӯр карда шуданд, маълумот дод.

Сипас аз тарафи иштирокдорони мулоқот доир ба тартиби гузаронидани маъракаву анъанаҳои мардумӣ, сару либос, хатнасур, рӯзи таваллуд, оши тӯй ва ғайра саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои қаноатбахш дарёфт карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Маҳмадалӣ Ватанзода бо сокинони вилоят