Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26

"Биёед китоб мехонем!". Баргузории чорабинӣ бахшида ба Рӯзи китоб

( 0 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола санаи 4 сентябр ҷашн гирифта мешавад, дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” аксияи вилоятӣ таҳти унвони "Биёед китоб мехонем!" баргузор шуд.

Дар аксияи мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, устодони макотибу донишгоҳҳо, мухассилини макотиби миёна, литсейю гимназияҳо ва донишҷуёни донишгоҳҳову коллеҷҳои миқёси вилоят иштирок намуданд.

Дар аксия - намоиши китобҳо аз ҷониби донишгоҳҳои вилоят – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникӣ, Донишкадаи иқтисод ва савдо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳои бадеъиву таърихӣ, дастовардҳои олимон ва устодони донишгоҳҳо ба намоиш гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд "Биёед китоб мехонем!". Баргузории чорабинӣ бахшида ба Рӯзи китоб