Хабарҳо
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 20.06.2018 16:48
Дар Истаравшан корхонаи коркарди шир ба истифода дода шуд - 20.06.2018 16:45
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - 20.06.2018 13:16
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - 20.06.2018 13:13
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку - 20.06.2018 08:52
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид - 20.06.2018 08:51
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон - 19.06.2018 16:56
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар Тоҷикистон - 19.06.2018 15:36

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҳамватанони азиз!

Боиси хурсандист, ки соли равон пиру барнои мамлакат ҷашни ҳумоюни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи озодию соҳибихтиёрии кишварамон мебошад, дар остонаи таҷлили яке аз санаҳои мубораки таърихи миллат - 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

Истиқлолият чун муқаддастарин ҷашни сиёсию фарҳангӣ ва тантанаи давлатдории миллӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба рушди устувор ва рӯзгори орому осудаи мардуми кишвар мусоидат намуд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар сарфи  назар аз мансубияти миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва ақидаи сиёсии худ вазифадор аст, ки ба хотири рушди минбаъдаи ҷомеа, пойдории сулҳу субот, истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҳифзи ин дастоварди бузурги таърихӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ зикр намудаанд:

“Истиқлолият ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати таърихан қадимаву сарбаланд ва мутамаддини тоҷик моро вазифадор менамояд, ки барои ободиву сарсабзии кишвари азизамон содиқонаву аҳлона меҳнат кунем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва мардуми Тоҷикистон сарбаландона ба ҷо оварем”.

Боиси ифтихор аст, ки дар вилоят ба шарофати истиқлолият ва заҳмати ватандӯстонаи сокинон масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин тақвият бахшидани қудрати содиротии кишвар, дастгирии соҳибкорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст, муваффақона идома дорад. Ба роҳ андохтани фаъолияти даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ, шифохонаҳо, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, марказҳои муосири хизматрасонӣ, ҳунармандӣ ва таъсис додани ҳазорон ҷойҳои нави корӣ далели гуфтаҳои боло мебошанд.

Дар баробари ин, вазъи ноороми ҷаҳони имрӯз ҳар кадоми моро водор месозад, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллиамон ҳамеша омода бошем, суннату анъанаҳои неки гузаштагон, аз ҷумла сарфаю сариштакориро риоя намуда, насли ояндасозро дар руҳияи дуст доштани Ватан ва арзишҳои он, ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоем.

Бо таманниёти нек кулли мардуми шарифи вилоятро бо ин рӯзи воқеан таърихӣ табрику таҳният гуфта, бахту саодат, сиҳатмандию сарбаландӣ, комёбӣ ва баракати рӯзгор таманно менамоям. Бигзор Истиқлолияти давлатӣ абадан поянда ва ҷовидон бимонад.

Ҷашни Истиқлолияту озодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон