Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ - 11.12.2017 11:40
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун - 11.12.2017 11:38
Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 11:36
РАТС ШОС всегда открыта для сотрудничества в интересах консолидации международных усилий по борьбе c терроризмом - 11.12.2017 10:04
Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард - 08.12.2017 12:20
СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд - 08.12.2017 10:39
Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт - 08.12.2017 10:37
Ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи молия - 07.12.2017 16:50
Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор шуд - 07.12.2017 15:41
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот мекунанд - 07.12.2017 11:53

Дар 8 ноҳияи вилояти Суғд маъракаи кирмакхобонӣ оғоз гардид

( 0 Овоз )

Дар ноҳияҳои манотиқи вилояти Суғд маъракаи тақсимоти қуттии кирмак идома дорад. Кирмакпарварони вилоят соли равон азм доранд бо риоя намудани ҳамаи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак нақшаро сари вақт иҷро намоянд.

Ба иттилои сармутахассиси Идораи пиллаи Суғд Роҳат Пулотова кирмакпарварони вилоят имсол парвариши 13 ҳазору 160 қуттӣ кирмаки навъи чиниро ба роҳ монда, нақша доранд 658 тонна пилла ҷамъоварӣ намоянд.

Дар вилоят вобаста ба иқлими минтақавии ноҳияҳо тақсими қуттиҳои кирмак аз 5 то 15 апрел ҷараён гирифт ва ҳоло дар 8 ноҳияи вилоят парвариши кирмак оғоз гардидааст. Дар чор ноҳияи иқлимашон каме хунуктар, чун Айнӣ, Панҷакент, Деваштич ва Истаравшан ин маърака аз 22 апрел оғоз меёбад. Қабули аввалин ҳосили пилла аз миёнаҳои моҳи май дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло парвариш ва корҳои нигоҳубини агротехникии кирмакҳо дар ноҳияҳои тақсимшуда дар сатҳи хуб қарор дошта, бояд аз ҳар як қуттӣ 50 кг ҳосил гирифта шавад.

Соли равон барои кирмакпарварӣ дар ноҳияҳои вилоят наздик ба панҷ ҳазор сокинон ҷалб гардида, ҳамчунин баҳри назорати риояи қоидаҳои кирмакпарвариву агротехникӣ, додани маслиҳатҳои саривақтӣ дар ҷойҳо аз ҷониби мутахассисони маҳаллии соҳаи кирмакпарварӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар 8 ноҳияи вилояти Суғд маъракаи кирмакхобонӣ оғоз гардид