Санаи 20 апрел дар маҳаллаи Саричашмаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт як чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи он муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ва раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирок намуданд.
Заробиддин Файзуллозода зимни суханронии худ иброз дошт, ки бо иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли 2017 «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» эълон гардидааст ва тибқи барномаи қабулгардида сатҳу сифати оби нӯшокӣ беҳтар мегардад.
Бояд гуфт, ки чоҳи амудии мазкур бо маблағи 170 ҳазор сомонӣ кофта шуда, аз ҳисоби корхонаи фаръии минтақавии №1 155 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 15 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин чоҳ боз 400 хоҷагии дигар ва беш аз 6 ҳазор аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд