Хабарҳо
Баргузории иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 28.06.2017 16:36
Aёдати шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзманд дар шаҳри Бӯстон - 28.06.2017 09:04
Ашт. Барои мумфаршкунии роҳҳо 9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 28.06.2017 09:03
Хуҷанд: Хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ба истироҳат фаро гирифта шуданд - 28.06.2017 09:01
Таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри Арбоб - 27.06.2017 21:10
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50

Қадршиносии иштирокчиёни чорабиниҳои наврӯзӣ

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 8
  • Минбаъда

Боиси сарфарозии мардуми  шарафманди вилоят аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар тантанаҳои  ҷашни Наврӯзи байналмилалии имсола  ба вилоят ташриф оварда, аз ҷумла дар чорабиниҳои идонаи Корвони Наврӯзӣ, ки дар Боғи миллии Ваҳдат баргузор шуд, ширкат варзиданд.

Ба муносибати  қадрдонии заҳмати онҳое, ки баҳри хубу хотирмон гузаштани ҷашни «Наврӯз» заҳмат кашиданд, чанде пеш дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилоят чорабинӣ доир гардид. Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ арзи сипос ва миннатдории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба кулли иштирокдорони чорабиниҳои наврӯзӣ  расонида, ба аҳли фарҳангу ҳунар ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуд.

Дар ин рӯз ҳамчунин иштирокчиёни  фаъол бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд ва ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ китобҳои тозанашри шоирону мутафаккирони тоҷик супорида шуд. Инчунин, китобхонаи шаҳру навоҳии вилоят низ аз армуғон дар канор намонд ва ба ҳар донишҷӯе,  ки дар ҷашн фаъолона иштирок намуданд, фиттаи сабти чорабинии «Наврӯз- 2017»  тақдим карда шуд.  Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев ҳамчунин, таҳиягарони барномаи фарҳангӣ ва аҳли ҳунари  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Кохи фарҳанги “Суғдиён”,  ансамблҳои рақсии «Зебо», «Борбад»,  «Сайҳун», ба номи Ғаффор Валаматзода, дастаи рақсии балет,  ҳайати эҷодии барномаи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара ва дигарон қадршиносӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд









Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Қадршиносии иштирокчиёни чорабиниҳои наврӯзӣ