Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Мастчоҳ: Ба 2649 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ пардохт мегардад

( 0 Овоз )

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ кўдакони ятиму камбизоат пайваста ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар доираи чунин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии хонандагони синфҳои 1-9 дар соли таҳсили 2016-2017 ба 2649 нафар аз оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ пардохт мегардад.

Ҳамчунин, дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ва санаҳои фархундаи таърихӣ кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои ниёзманд аз ҷониби роҳбарияти ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ ва кӯмакпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 46 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ ва 2 литсей фаъолият намуда, дар онҳо 1650 нафар омўзгорон ба 22158 нафар хонандагон таълим медиҳанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мастчоҳ: Ба 2649 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ пардохт мегардад