Хабарҳо
Соли равон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 5075 муроҷиат ворид гардид - 15.12.2017 09:37
4,8 ҳазор метри мураббаъ қолинҳои дастибоф истеҳсол шуд - 15.12.2017 09:36
Суғд: Музди миёнаи маош 1004,76 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта 244,95 сомонӣ зиёд мебошад - 15.12.2017 09:35
Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ 5 000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим намуд - 15.12.2017 09:34
Беш аз 2414 километр роҳҳои ҳудуди вилояти Суғд таъмир шуд - 15.12.2017 09:31
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109,7 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет 1 694,8 млн. сомонӣ ворид гардид - 15.12.2017 09:32
Суғд: Ба маблағи 450 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 15.12.2017 09:31
Ба донишҷӯёни фаъолу аълохон ва ихтироъкор беш аз 20 ҳазор сомонӣ тақдим шуд - 15.12.2017 09:28
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30

Мақсад: муаррифии маҳсулотҳои ватанӣ

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар майдони «Ситораҳои  Хуҷанд»-и маркази вилоят намоиш - фурўши маҳсулоти  қолинӣ ва қолинҳои ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» баргузор гардид. Намоиши мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гашта, он ду рўз-аз 16 то 18-уми март идома ёфт.

Ҳамчунин, баробари маҳсулоти  ин корхона  Марказҳои таълимӣ- истеҳсолии атласу адрасбофии шаҳру навоҳии вилоят низ маҳсулоти худро бо нархи дастрас барои сокинон ба фурўш гузоштанд.

Муҳаммадҷон Ёқубов, директори муассисаи давлатии Маркази эҳё ва рушди атласу адраси вилоят қайд намуд, ки дар ин чорабинӣ маҳсулоти ватанӣ ба намоиш гузошта шуд. Матоъҳои атласу адрас аз нахи пахта тайёр карда шуда ва ба саломатӣ безарар аст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин намоиш-фурўши маҳсулот навъҳои гуногуни қолинҳо ба намоиш гузошта, нархаш бошад дастрас буд. Масъулини   ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» иттилоъ доданд, ки  ҳадафи асосии ин чорабинӣ  муаррифии қолинҳои баландсифати ватанӣ буда, ҳамчунин дар як вақт ба муносибати ҷашни Наврўз тахфифи 20 фоиза ба роҳ монда шудааст.

Дар ду рӯз 9000 метр атласу адраси дастибофи занҳои ҳунарманди вилоят ба фурӯш рафт. Талабот ба адрасу атласи дастибоф занҳои ҳунармандро барои истеҳсоли ин матоъҳои миллӣ рӯҳбаланд намуд.

Ҳамчунин, бо мақсади беҳтаргардонии намуд ва ороиши манзилҳои истиқомативу утоқҳои корӣ ва бо ин роҳ фароҳам овардани ҳиссиёти роҳату ҳаловатбахш баҳри сокинон ин маҳсулот пешкаш гардид, - изҳор доштанд масъулини  ҶСК «Қолинҳои Қайроққум».

Сокини шаҳри Хуҷанд Роҳат Бобоева баргузории намоиш-фурўши маҳсулоти қолинӣ ва тахфиф ба онҳоро хуб арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки  маҳсулот  хушсифат ва ба талабот ҷавогў аст. Баҳри мо харидорон чунин намоишномаҳо имконият медиҳад, ки бо нархи арзон қолинҳои дилхоҳи худро харидорӣ намоем,- гуфт Роҳат Бобоева.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар намоиш-фурўш навъҳои қолинҳои гуногун, ба монанди «Шоҳаншоҳ», «Симин», «Гулзор», Истиқлол», «Согдиана» ва «Азата» - ву «Сайҳун» ба намоиш ва фурўш гузошта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мақсад: муаррифии маҳсулотҳои ватанӣ