Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Баргузории конфронси илмӣ-амалии «Наврўз ва ойинҳои наврўзӣ» дар китобхонаи вилоятӣ

( 0 Овоз )

Санаи 16-уми март дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ конфронси илмӣ-амалии «Наврўз ва ойинҳои наврўзӣ» бахшида ба ҷашни Наврўз бо иштироки устодону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Аз маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ иттилоъ доданд, ки директори китобхона Баҳром Мирсаидов иштирокдорони конфронсро бо фарорасии иди Наврўз муборакбод гуфта, ба конфронс ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ў таъкид кард, ки ин конфронс бо мақсади таблиғу ташвиқи суннатҳо, ҳифзу эҳё, дақиқу амиқ омўхтани расму анъанаҳои наврўзӣ, дуруст шинохтани арзишу аҳамияти инсондўстонаи онҳо ва тавзеҳу ташреҳи вусъати ҷуғрофиёи интишори Наврўз баргузор мегардад.

Сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии китобхона Ҳамробоева Мавзуна дар мавзўи «Нақши китобхонаҳо дар тарғиби Наврўз ва осори марбут ба он» маърўза намуд. Ў ҳамчунин мундариҷа ва муҳтавоимуҳимтарин китобҳои дар мавзўи Наврўз таълифшударо бо истифодаи слайд муаррифӣ кард.

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Салоҳиддин Вайдуллозода дар мавзўи “Муруре ба оинҳои наврўзии тоҷикони Қирғизистон” баромад намуда, доир ба расму оинҳои роиҷ дар байни тоҷикони Қирғизистон маълумот дод. Номбурда таъкид дошт, ки суннатҳои наврўзии сокинони деҳаи Андарақ бо расму анъанаҳои дигар манотиқи ҳавзаи ҷашни Наврўз тафовути андак ва умумиятҳои бештар доранд.

Зоҳид Қўрғонов – дотсенти кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи мазкур бо маърўзаи “Виҷагиҳои фарҳангии ҷашни Наврўз дар Самарқанд” гузориш намуда, доир ба анъанаҳои миллии наврўзии шаҳри Самарқанд ва музофоти он мулоҳиза ронд.

Дотсент Мирсаидов Баҳром дар мавзўи “Наврўзи Тоҷикистон ва суннатҳои наврўзӣ” маърўза намуда, дар бораи ғизоҳо, бозиҳо, маросим, арзишҳои иҷтимоию маънавӣ ва моддии Наврўз изҳори назар кард.

Дар конфронс намояндаи Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои фарҳанги Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Солиҷонов Нодирҷон,  директори Китобхонаи бачагонаи вилоятии ба номи Аминҷон Шукўҳӣ Расулова Муаззама низ суханронӣ намуда, андешаҳояшонро доир ба мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои муҳими маърўзаҳо иброз доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории конфронси илмӣ-амалии «Наврўз ва ойинҳои наврўзӣ» дар китобхонаи вилоятӣ