Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30
9 март дар вилоят Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 22.02.2018 11:07

Ифтитоҳи Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии №3 дар Исфара

( 0 Овоз )

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд дирӯз ба Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара рафта, дар маросими ифтитоҳи Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии №3 ширкат варзид.

Ба иттилои манбаъ аз Раёсати ВКД дар вилоят дар чорабинӣ ҳамчунин кормандони милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва аҳли ҷамоати шаҳри Исфара иштирок доштанд.

Рамазон Раҳимзода аз ҳуҷраҳои корӣ, шароити муҳайёгардида барои ҳайати шахсии Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз наздик ошноӣ пайдо карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар шафати бинои мазкур Ситоди дружиначиёни ихтиёрии шаҳри Исфара бо тамоми шароити мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъсис дода шуд, ки ҳамкории мардумро бо мақомоти милитсия боз ҳам қавитар мегардонад.

Зимни вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода ҳайати шахсӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ ва аҳли ҷамоати шаҳри Исфараро бо фарорасии иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам табрик гуфт. Зикр гардид, ки дар пеш ҷашни таърихӣ ва қадимаи аҷдодии мо қарор дошта, кормандони милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ ва фаъолони ҷомеаро мебояд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани Наврӯз тамоми тадбирҳоро андешанд.

Ҳайати шахсии Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ҷавобан ба ин гуфтаҳо изҳор доштанд, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва маҳорату малакаи касбии худро баҳри сазовор пешвоз гирифтани иди байналмилалии Наврӯз равона намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, волоияти қонун ва тинҷию амонии кишварро чун гавҳараки чашм ҳимоя хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии №3 дар Исфара