Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Спитамен. Қисми даромади буҷет 97,2 фоиз таъмин гардид

( 0 Овоз )

Санаи 10 январ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен нишасти матбуотии раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим баргузор гардид.

Дар нишасти хабарӣ нахуст раиси ноҳия оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2016 ба кормандони воситаҳои ахбори омма ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки нишасти навбатии матбуотии раиси ноҳия, дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки чанде қабл Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишварро муайян намуданд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар парвати дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат дар Паёмҳои қаблии худ баён намуда буданд, дар соли таърихии таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии ноҳия корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Тавре таъкид гардид, дар ин давра қисми даромади буҷет 97,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 41 миллиону 662 ҳазор сомонӣ андозу даромадҳои гуногун ворид гардиданд ва соли 2016 бобати бартарафкунии бақияпулиҳои қарзи андоз як қатор тадбирҳо андешида шуда, то санаи 1 декабри соли 2016 қарзи андозупорандагони ноҳия дар назди буҷети давлатӣ 5 миллиону 542 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он нисбати 1 январи соли 2016-ум 1 миллиону 940 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Сипас рӯзноманигорон ба раиси ноҳия доир ба масъалаҳои гуногун суолҳо дода, посух гирифтанд.Дар охири нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим изҳор дошт, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша омода аст, ки бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории судманд дошта бошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спитамен. Қисми даромади буҷет 97,2 фоиз таъмин гардид