Хабарҳо
Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Гулистон 100 фоиз иҷро шуд - 28.04.2017 11:04
Бинои Маркази минтақавии хизматрасонӣ барои пиронсолон ва маъюбон пас аз таҷдид ба истифода дода шуд - 28.04.2017 10:57
Зариф Мирдадо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт интихоб гардид - 28.04.2017 10:54
Баргузории иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 28.04.2017 10:50
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21

Мулоқоти шаҳдори Бӯстон бо фаъолон перомуни Паёми Пешвои миллат

( 1 Овоз )

Санаи 7 январ дар толори театри драмма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон перомуни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонону занон, ходимони дин, фаъолони маҳал ширкат доштанд.

Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода перомуни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози назар намуд. Номбурда перомуни ҷонибдории созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз иқдомоти наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»»-ро яке аз беҳтарин иқдомҳо дар самти таъмини дастрасии аҳолии сайёра бо оби тозаи нӯшокӣ арзёбӣ кард.

Дар интиҳо раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ, таваҷҷуҳ ба масоили ҷавонон дар “Соли 2017-соли ҷавонон”, омодагиҳо ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллӣ ибрози назар намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти шаҳдори Бӯстон бо фаъолон перомуни Паёми Пешвои миллат