Хабарҳо
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25
Шиносии Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаи «Садаф» - 14.02.2020 14:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд - 14.02.2020 14:49
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумат ва чандин вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 14.02.2020 17:12
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен - 15.02.2020 09:19
Спитамен: Раҷаббой Аҳмадзода барқарқароркунандагони сохти конститусиониро аёдат намуд - 15.02.2020 10:25
Баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ - 15.02.2020 14:26

Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пеш аз мӯҳлат иҷро шуд

( 0 Овоз )

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пеш аз мӯҳлат ва бо сифати баланд ба андозаи беш аз 100 фоиз ба иҷро расид.

Аз Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба sugd.tj хабар доданд, ки санаи 14 ноябр, яъне пеш аз мӯҳлат нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100,4 фоиз иҷро шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки моҳҳои октябр-ноябри соли 2015 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пеш аз мӯҳлат иҷро шуд