Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 20.01.2022 21:21
Дар Истаравшан теъдоди стипендияҳои раиси шаҳрро зиёд карданд - 20.01.2022 17:04
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ВА БАРРАСИИ ДУРНАМОИ НАВ - 20.01.2022 17:02
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз як миллион воя воксина бар зидди коронавирус ворид гардид - 18.01.2022 14:17
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд - 18.01.2022 09:15

Баргузории 195-умин нишасти маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”

( 0 Овоз )

195-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки дар толори хурди Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доир гардид, ба хотираи бунёдгузори маҳфили мазкур шодравон, профессор Абдулманнон Насриддин бихшида шуд.

Дар маҳфил олимону адибон,устодони забон ва адабиёт, дӯстону ҳамкорон ва пайвандони Абдулманнон Насриддин ҷамъ омада, аз хизматҳои марҳум ёдовар шуданд. Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки ҳамасола дар зодрӯзи устод Абдулманнони Насриддин- поягузори маҳфил дӯстону шогирдон аз ин донишманди маъруфу сермаҳсул ёд мекунанд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ зимни суҳбат таваҷҷӯҳ ва мавриди омӯзиш қарор додани зиндагӣ ва осори афроди фарҳехтаи миллатро яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумату давлат арзёбӣ кард.

Дар маҳфил гузоришҳои Фирӯза Қаюмова, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов шунида шуд ва сипас дӯстону ҳамкорони Абдулманнон Насриддин, аз ҷумла Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, Шарифҷон Акрамов, Абдусаттор Абдуқодиров, Нуралӣ Нурзод, Адиба, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода хотираҳои худро аз солҳои ҳамкориашон бо профессори шодравон қисса намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории 195-умин нишасти маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”