Хабарҳо
ВАҚТЕ ҲНИ ЖУРНАЛИСТ МЕКУШТ... - 15.07.2020 18:20
Шиносоӣ бо рафти бунёди бинои​ Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд - 15.07.2020 14:21
Суғд: Ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид - 15.07.2020 11:16
Ташкили 48 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 650 ҷойи корӣ дар Суғд - 15.07.2020 11:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09

Хизмат ба Ватан — қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард аст!

( 0 Овоз )

Сарафроз Музайянов- писари комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом, полковник Ҳоҷӣ Музайянзода ихтиёран барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гуфтанд: «Роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аъзои Ҳукумат ва вакилони Парлумон, то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намуна бошанд. Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд».

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ба ҷо овардани қарзи шаҳрвандӣ дар қатори ҷавонписарони дигар минтақаҳои мамлакат як гурӯҳ ҷавонони шуҷои шаҳри Конибодом низ ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ сафарбар шуданд.

Яке аз ин ихтиёриён – даъватшавандагон Сарафроз Музайянов, писари комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом мебошад, ки ихтиёран ва дар асоси насиҳатҳои падари худ, полковник Ҳоҷӣ Музайянзода ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст.

Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ин иқдоми комиссари ҳарбии шаҳр ва писари ӯ Сарафрозро, ки хатмкардаи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад, барои дигар ҷавонон намунаи ибрат арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд, ки барои ҳар як ҷавон хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ин қарзи шаҳрвандӣ, мактаби мардонагӣ ва диловарӣ  мебошад.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хизмат ба Ватан — қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард аст!