Хабарҳо
ВАҚТЕ ҲНИ ЖУРНАЛИСТ МЕКУШТ... - 15.07.2020 18:20
Шиносоӣ бо рафти бунёди бинои​ Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд - 15.07.2020 14:21
Суғд: Ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид - 15.07.2020 11:16
Ташкили 48 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 650 ҷойи корӣ дар Суғд - 15.07.2020 11:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09

Дар шаҳри Гулистон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият то имрӯз 129 иншоот ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар шаҳри Гулистон 129 иншооти ҷашнӣ ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар шаҳр илова бар иншооти ба нақша гирифташуда даҳҳо иншооти иловагӣ низ бунёд гардидааст.

Аз ҷумла, меҳмонхонаи замонавии “Соҳил”, майдончаҳои варзишии теннис, баскетбол, волейболи пляжӣ, мавзеи пиёдароҳи варзишӣ бо таҷҳизоти машқу тамрин дар соҳили “Баҳри тоҷик”, фермаи мурғпарварӣ ва гармхонаи лимонпарварӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон”, таҷдиди бинои маъмурии ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, сехи коркарди қоғаз дар ҳудуди ҶДММ “Сахо ва К”, фабрикаи мурғпарварӣ, меҳмонхонаи “Далер”, гулгашти нав дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр бунёд гардида, чароғонкунии шоҳроҳи Хуҷанд-Гулистон низ ба анҷом расонида шуд.

Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳр вусъат ёфта, сохтмони иншооти ҷашнӣ тибқи нақша ҷараён дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Гулистон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият то имрӯз 129 иншоот ба истифода дода шуд