Хабарҳо
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29
Дар корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” то 50 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд - 03.08.2020 14:13
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Деҳқони нав” ва “Файзи нур”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов - 03.08.2020 14:09
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Нури Спитамен” ва “Исломбой саркор” - 03.08.2020 12:07
Дар ноҳияи Спитамен заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда мешавад - 03.08.2020 12:05
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 12:01

Розия Нурматова дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» соҳиби ҷойи аввал шуд

( 0 Овоз )

Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом Розия Нурматова дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ озмуни “Мураббии сол” ҳамасола дар ҷумҳурӣ бо мақсади дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати  касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати мураббиён доир мегардад.

Маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» 10 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар маросими ҷамъбастии озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва ҳайати ҳакамон озмунро натиҷагирӣ намуда, ғолибони даври ниҳоиро эълон намуданд.

Дар баробари Розия Нурматова ҳамчунин мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ва мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони ВМКБ Ангома Атомамадова мурабияҳои беҳтарини сол дониста шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Розия Нурматова дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» соҳиби ҷойи аввал шуд