Хабарҳо
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45
Мулоқоти Раиси вилоят бо Хуан Сзян Чун - 09.12.2019 15:29
Паёми шодбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи геологҳо - 09.12.2019 10:28
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия - 07.12.2019 10:25
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00

Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияи Айнӣ

( 0 Овоз )

7-уми ноябр дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия ва собиқадорони соҳа ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда нахуст раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм таҳният гуфта, зикр намуд, ки мақомоти милитсия яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрӯз ҳамчун нерӯи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад.

Зикр карда шуд, ки мақомоти милитсия дар лаҳзаҳои сангини таърихи кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст. Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти мунтазами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷонояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Сипас, прокурори ноҳияи Айнӣ Арбобзода Муҳаммад Хоҷа ва сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Айнӣ, подполковники милитсия Одиназода Саидатҳам Сироҷ ба сухан баромада, кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва собиқадорони меҳнатро бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрик намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ барои гузоштани саҳми арзанда дар пойдории амну суботи ҷомеа ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибстиқлолии мамлакат, дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат, ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бахшида ба Рӯзи кормандони милитсияи тоҷик ба як қатор кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ ифтихорномаву мукофотҳо тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияи Айнӣ