Хабарҳо
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45
Мулоқоти Раиси вилоят бо Хуан Сзян Чун - 09.12.2019 15:29
Паёми шодбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи геологҳо - 09.12.2019 10:28
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия - 07.12.2019 10:25
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00

Мулоқоти масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо аҳолии Истаравшан, Зафаробод, Ашт ва Спитамен

( 0 Овоз )

Дар асоси нақшаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалисозии Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 ва дигар барномаву стратегияҳои давлатӣ аз санаи 29 октябр то 1 ноябри соли равон сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод, Ашт ва Спитамен бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронид.

Дар вохӯриҳо сардори Раёсат оид ба масъалаҳои коҳиш додани сатҳи пошхӯрии оилаҳо ва пешгирии зӯроварӣ дар оила суханрониҳо намуда, бо мардум аз наздик сӯҳбатҳо анҷом дод.

Масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ҳангоми мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод, Ашт ва Спитамен аз мушкилоту пешниҳодҳои иштирокчиён огаҳӣ пайдо карда, бобати ҳалли масъалаҳо ва амалисозии пешниҳодҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Баъди вохӯриҳо Хуршедахон Хоҷазода ва ҳамроҳонаш се нафар сокинони ноҳияи Ашт - ҳамсари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, модари 112 сола Норӣ Зоирова, модари марҳум Дадоматов Тоҳирҷон, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ фавтидааст, Бибинисо Дадоматоваи 75 сола ва собиқ мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Муҳаррам Ашӯрова, инчунин чанде аз собиқадорони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод ва Спитаменро аёдат намуданд.

Дар аснои сафар ҳамчунин масъулин бо фаъолияти кории гирандагони гранти Раиси вилоят дар солҳои 2017-2018 шинос шуда, барои пешбурди фаъолияти шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо ёрии амалӣ расониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо аҳолии Истаравшан, Зафаробод, Ашт ва Спитамен