Хабарҳо
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45
Мулоқоти Раиси вилоят бо Хуан Сзян Чун - 09.12.2019 15:29
Паёми шодбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи геологҳо - 09.12.2019 10:28
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия - 07.12.2019 10:25
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00

Фаъолони шаҳри Бӯстон​ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

( 0 Овоз )

4 ноябр дар толори қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо иштироки муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва раиси шаҳри Бӯстон бахшида ба 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Дар​ ҷамъомад собиқадорони ҷангу меҳнат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои​ сохтории мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва фаъолону аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар номаи табрикии Раиси вилояти Суғд​ Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сокинони шаҳри Бӯстон расонид.​ Сипас, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода сокинони шаҳрро​ бо ин ҷашни хуҷаста таҳният гуфт.​

Барномаи рангини аҳли фарҳангу ҳунари шаҳру вилоят ва намоишҳои ҳарбикунонидашудаи сарбозони қисмҳои низомӣ ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.

Ёдовар мешавем, ки баргузории тантанаҳои идона ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар​ ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бӯстон идома дорад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Фаъолони шаҳри Бӯстон​ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд