Хабарҳо
ВАҚТЕ ҲНИ ЖУРНАЛИСТ МЕКУШТ... - 15.07.2020 18:20
Шиносоӣ бо рафти бунёди бинои​ Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд - 15.07.2020 14:21
Суғд: Ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид - 15.07.2020 11:16
Ташкили 48 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 650 ҷойи корӣ дар Суғд - 15.07.2020 11:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09

Дар Ҷамоати деҳоти Урметан ба бунёди Маркази саломатӣ санги асос гузошта шуд

( 0 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти даавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вотаи Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ба бунёди Маркази саломатӣ санги асос гузошта шуд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дода, афзуданд, ки иншооти муҳими иҷтимоӣ бо маблағгузории Барномаи Рушди СММ дар ҳаҷми 470 ҳазор сомонӣ сохта хоҳад шуд.

Бино ба иттилои манбаъ дар чаҳорчуби корҳои ободонӣ ҳамзамон дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан Маркази хизматрасонии техникӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Маркази хизматрасонии техникӣ бо ташаббуси фарзандони баору номуси диёр Фарҳат Хуҷов ва менеҷери Идораи минтақавии Барномаи Рушди СММ дар ноҳияи Айнӣ Далер Назаров таъсис ёфта, дорои як комбайни ғалладарав ва як трактори МТЗ 82.1 мебошад, ки ба мардуми ҷамоат хизмат мерасонад.

Соҳибкорони маҳаллӣ дар оянда нақша доранд маркази хизматрасонии техникиро бо дигар техникаву таҷҳизотҳои зарурии хоҷагии қишлоқ мукаммал гардонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Ҷамоати деҳоти Урметан ба бунёди Маркази саломатӣ санги асос гузошта шуд