Хабарҳо
ВАҚТЕ ҲНИ ЖУРНАЛИСТ МЕКУШТ... - 15.07.2020 18:20
Шиносоӣ бо рафти бунёди бинои​ Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд - 15.07.2020 14:21
Суғд: Ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид - 15.07.2020 11:16
Ташкили 48 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 650 ҷойи корӣ дар Суғд - 15.07.2020 11:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09

Дар ноҳияи Спитамен то имрӯз 6384 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи шиносоиҳо бо рафти ҷамъоварии “тиллои сафед” дар навоҳии пахтакори вилоят рӯзи 9 октябр ба ноҳияи Спитамен ташриф овард.

Чуноне зимни боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз пахтазори хоҷагиҳои деҳқонии “Саидмуродсаркор” ва “Ӯлҷабобо” иттилоъ дода шуд, дар ноҳия ҷамъоварии ҳосил муташаккилона идома дошта, то имрӯз заркорони ноҳия 6384 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин ба 48 дарсади нақша баробар аст.

Таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳашарчиён низ ба пахтачинӣ ҷалб гардида, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад. Масалан, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Саидмуродсаркор” дар якҷоягӣ бо чинакчиён то имрӯз наздик 60 тонна ва саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Ӯлҷабобо” 17 тонна пахта чида, онро ба корхонаи коркарди пахтаи “25-солагии Истиқлолият” супоридаанд.

Хоҷагии деҳқонии “Саидмуродсаркор”, ки дар Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев ҷойгир аст, дорои 113 гектар замин, аз ҷумла 90 гектар замини обӣ мебошад. 87 нафар саҳмдорони хоҷагӣ соли равон дар 42 гектар пахта, 2 гектар ҷуворимакка барои дон, 15 гектар юнучқа, 1 гектар картошка ва 10 гектар гандум кишт карда, бо меҳнати шабонарӯзии худ 25 тонна картошка, 42 тонна гандум, 2 тонна ҷуворимакка, 45 тонна юнучқа ва 540 тонна маккасилос, инчунин 4 тонна мева истеҳсол намудаанд.

14 нафар саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Ӯлҷабобо”-и Ҷамоати деҳоти Тағояк бошанд 13 гектар заминро дар ихтиёр доранд ва имсол дар 7,5 гектар пахта парвариш кардаанд.

Раиси вилоят ҳангоми мулоқот бо хоҷагидорону чинакчиён иброз дошт, ки бояд ҳосили бо ранҷ парваридаро то пағаи охирин ҷамъоварӣ намоянд. Гуфта шуд, ки пахта дар саҳро зиёд буда, теъдоди ​ чинакчиён дар ҳоли ҳозир нокифоя мебошад. Дар ин замина ба роҳбарияти ноҳия дастур дода шуд, барои ҷамъоварии беталафи ҳосил ҳашарчиёну чинакчиёнро боз ҳам бештар ҷалб созанд.

Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахтаи ҶДММ “25-солагии Истиқлолият” ва ҶДММ “Спитаментекстайл” шинос шуда, ба роҳбарияти корхонаҳо ҷиҳати қабули саривақтӣ ва коркади ашёи хому ҳавасмандкунии кормандон супоришҳо дод.

Ҷоизи зикр аст, ки ҶДММ “25-солагии Истиқлолият” дар мавсими имсола 4563,1 тонна пахтаро қабул намудааст, ки ин ба 71 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли пахта ноҳия баробар аст. Дар ин корхона 60 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин буда, аз 1000 то 1500 сомонӣ маош мегиранд.

Дар ҶДММ “Спитаментекстайл” 27 нафар ба таври доимӣ фаъолият доранд. Маоши коргарони корхона 800 - 1200 сомониро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Спитамен то имрӯз 6384 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд