2 октябри соли 2019, соати 16-00 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии 7-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мусобиқаи байналмилалӣ бо ташаббуси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз рӯи ҳафт категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг доир мегардад.
Дар назар аст, ки дар мусобиқа беш аз 250 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок намоянд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом соҳиби ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ (ҷои якум), 5000 сомонӣ (ҷои дуюм) ва 2500 сомонӣ (барои ду ҷои сеюм) мегарданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд