Хабарҳо
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ - 21.09.2020 13:20
Ширкат дар интихобот қарзи шаҳрвандии мост! - 21.09.2020 11:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» оғоз бахшиданд - 16.09.2020 09:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 16.09.2020 09:32
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази байналмилалии тиҷоратии «Сомон-Плаза»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд - 16.09.2020 10:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «Хона-музей»-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карданд - 16.09.2020 11:08
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хоҷагии деҳқонии «Деҳқони нав» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд - 16.09.2020 11:18
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд - 16.09.2020 11:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кишти такрорӣ дар заминҳои ҶСК «Парандапарвар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд - 16.09.2020 13:56
Ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 - 17.09.2020 12:09

Бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид

( 0 Овоз )

Имрӯз, 25 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳои таърихию мадании сарзамини тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар бораи обу хок ва табиати дилфиреби ин сарзамини биҳиштосо, хусусиятҳои ҷуғрофӣ, аҳолӣ, урфу одатҳои мардумони бумии он дар асрҳои пеш аз мелод дар китоби муқаддаси зардуштиён «Авасто», катибаҳои рўисангӣ, асарҳои муаррихон ва сайёҳони юнонию румӣ, арабҳо, сайёҳони Чин маълумоти муфид дода шуда, эшон таассуроти хеш ро доир ба назокатҳои ин шаҳр дар иртибот бо рўди сероби Сир ба қалам овардаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни маърӯзаи хеш таъкид дошт, ки Хуҷанд яке аз шаҳрҳои ободтарин ва зеботарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таърихи он таваҷҷўҳи олимону муҳаққиқон, нависандагону шоирон, санъаткорон, аҳли қалами халқу миллатҳои мухталифро ба худ ҷалб кардааст. Олимон унвони Хуҷандро таҳлил намуда, исбот кардаанд, ки решаи он аз калимаи мураккаби забони қадимаи эронии "Хваканта" гирифта шуда, маънояш "шаҳри офтобӣ" ё худ "офтобшаҳр" мебошад. Ин ном дар китоби муқаддаси "Авесто" қариб 3 ҳазор сол муқаддам зикр шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд раиси шаҳр таъкид дошт, ки Хуҷанди бостониву ҳамешаҷавон имрўз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабои худро куллан дигаргун кардаву боз ҳам ҷолибтар гаштааст. Сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат барои мардуми меҳнатқарину босуботи Хуҷандшаҳр сармашқи корҳои наҷиб шудааст.

Дар ҷараёни кори конфронс олимони донишгоҳ Тоҷибой Султонзода, Ислом Раҳимов, Шавкат Шарифов ва Шарифҷон Тоҷибоев бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба паҳлуҳои гуногуни таъриху илм ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд маълумот доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид