Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39

Баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман"

( 0 Овоз )

Аз санаи 16 то 19 сентябри соли 2019 дар маркази вилоят даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида шуд.

Бояд таъкид кард, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, даври аввали он аз 20 июн то 2 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳо ҷараён гирифта буд.

Дар даври дуюми озмун ғолибони даври аввал аз шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд ва ба санъату маҳорати иштирокчиён аъзои ҳакамон Ҷӯрабек Набиев- Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Абдувалӣ Абдурашидов - Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Ортиқи Қодир - Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Толиби Озарахш - Шоири халқии Тоҷикистон, Сангалӣ Ҳомидов - муовини раиси Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсупов Олим - директори Маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳанги вилоят баҳогузорӣ намуданд.

Дар натиҷа Шоҳҷоиза насиби Сафарова Муштарӣ аз шаҳри Панҷакент насиб гардид. Ҳамчунин аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровии беҳтарин ғолибон муайян гардиданд. Муҳамммадиқболи Оқил, Толиби Луқмон, ансамбли созҳои миллии “Дилнавоз”- и Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дилрабо Убайдуллоева, Абдукарим Абдураҳмонов, Шӯҳрат Набиев, Далери Исматулло, Дилноза Каримова ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” роҳхат гирифтанд.

Ҷоизи зикр аст, ки мақсади асосии озмун аз дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию меросӣ иборат мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман"