Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 12.08.2020 09:45
Ҳадаф: Беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия - 12.08.2020 09:50

Маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир шуд

( 0 Овоз )

Дар толори калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” бо ширкати олимону адибон, устодону шогирдони донишгоҳ ва мухлисони шеъру сухан баргузор шуд.

Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов нахуст аз муҳимтарин воқеаҳои фараҳбахши ин моҳ аз ҷумла ба кор даромадани чархаи дуввуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ёдоварӣ кард ва сипас муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба илм профессор Хайрулло Сабуров баромад карда, маҳфили “Ганҷи сухан”-ро ҳамчун мактаби илмиву адабӣ, ки мерос аз донишманди маъруфи тоҷик Абдулманнон Насриддин аст, дар пешрафти илму адаби тоҷик назаррас хонд.

Дар идомаи маҳфил гузоришҳои Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филология, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Шеър ва ҷаҳони маънавии инсон” , Баҳром Мирсаидов, номзади илмҳои филология, директори Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар мавзӯи “Назаре ба “Ал-феҳраст”- и Ибни Надим” шунида шуд.

Раиси кумитаи Иттифоқҳои касабаи маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов дар суханронии худ аз ҳамкории доимии иттифоқҳои касабаи вилоят бо олимону адибон ёдрас кард ва тазаккур дод, ки дар оянда дар заминаи дастгирии маҳфилҳову конфронсҳо ва озмунҳо фаъолияти якҷоя идома хоҳад ёфт. Профессорон Усмонҷон Ғаффоров ва Абусаттор Абдуқодиров дар доираи мавзӯи маърӯзаҳои ироашуда изҳори назар карданд.

Чун суннат ва анъанаи деринаи маҳфил он рӯз гирандагони ҷоизаҳои давлатӣ ва олимони ҷавоне, ки сазовори унвонҳои илмӣ гардиданд бо ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва кумитаи Иттифоқҳои касабаи маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардиданд. Аз ҷумла Шоири Халқии Тоҷикистон Озарахш, забоншиноси маъруф Абдуқодиров Абдусатор, Умеда Ғаффорова- доктори илмҳои филология профессор, Алиев Умар –профессор, Манучеҳра Кенҷаева -номзади илмҳои филология, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба ҷоизаҳои баланди давлатӣ ноил гардиданд соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ шуданд. Ҳамчунин 16 нафар муҳаққиқони ҷавон,ки ба тозагӣ соҳиби унвонҳои илмии доктор ва номзадҳои илмҳои филология ва таърих гардиданд бо ҳадяҳо сарфароз шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир шуд