Хабарҳо
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ - 21.09.2020 13:20
Ширкат дар интихобот қарзи шаҳрвандии мост! - 21.09.2020 11:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» оғоз бахшиданд - 16.09.2020 09:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 16.09.2020 09:32
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази байналмилалии тиҷоратии «Сомон-Плаза»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд - 16.09.2020 10:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «Хона-музей»-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карданд - 16.09.2020 11:08
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хоҷагии деҳқонии «Деҳқони нав» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд - 16.09.2020 11:18
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд - 16.09.2020 11:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кишти такрорӣ дар заминҳои ҶСК «Парандапарвар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд - 16.09.2020 13:56
Ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 - 17.09.2020 12:09

Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент

( 0 Овоз )

Дар доираи сафари кории худ ба водии Зарафшон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нимаи дуюми рӯзи 11 сентябр ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Панҷакент бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи шоистаи ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад.

Мардум бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар ободу зебо гардонидани маҳал саҳмгузорӣ намуда, дар шаҳру деҳот сохтмону таҷдиди иншооти гуногуни иҷтимоӣ идома дорад. Дар аснои сафар Раиси вилоят аз деҳаҳои Дашти Қозӣ ва Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина боздид намуда, бо сокинони деҳот суҳбатҳои самимӣ анҷом дод ва дар маросими ифтитоҳи чанд иншоот иштирок кард.

Раиси вилоят аз ҷумла дар деҳаи Ёрӣ дармонгоҳи дандонпизишкӣ ва дар деҳаи Дашти Қозӣ бинои маркази саломатиро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони ин деҳаҳо мулоқот кард. Дар аснои мулоқот таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону азнавсозии иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти соҳаи тандурустӣ идома дошта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ сол аз сол беҳтар гардида истодааст.

Дармонгоҳи дандонпизишкӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуд, дар истифодаи умум қарор гирифт. Минбаъд сокинони маҳал метавонанд бидуни харҷи зиёдатӣ аз хизматрасониҳои дармонгоҳ истифода баранд.

Маркази саломатии деҳаи Дашти Қозӣ бошад дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷра барои гузаронидани хатна, ҳуҷраи таваллуд ва пас аз таваллуд, ташхисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Тибқи иттилои масъулини шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент бо бунёди марказ имкон фароҳам оварда шуд, ки ба наздик 7 000 нафар сокинон хизматрасониҳои тиббӣ расонида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент