Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳияи Айнӣ

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

11 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолон мулоқот кард.

Дар мулоқот муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

Зимни мулоқот Раиси вилоят вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таҳлилу баррасӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии ноҳия (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар ҳафт моҳи соли равон 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 92 миллиону 477,4  ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 115,4 фоиз иҷро гардида, 36 миллиону 986,6 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шуд, ки аз нақша 4 миллиону 924,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Мутассифона, дар ин давра иҷрои сифатноки нақшаи 4 намуди андоз иҷро нагардида, дар натиҷа ба буҷет 5 миллиону 649,9 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Давоми ҳафт моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Айнӣ ба маблағи 630,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79,3 миллион сомонӣ зиёд буда, ба 114,4 фоиз баробар аст.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 104 миллиону 22 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Яъне, ба ҳолати 1 сентябри соли равон дар  ноҳия 2621 тонна ғалладона, 2500 тонна меваҷот, аз ҷумла 2249 тонна зардолу, 251 тонна себ, 6362 тонна картошка, 1471 тонна сабзавот, 722 тонна гўшт, 3122 тонна шир, 37,3 ҳазор дона тухм, 91 тонна пашм, 8,1 тонна асал ва 2,3 тонна гўшти моҳӣ истеҳсол гардидааст.

Раиси вилоят вазъи иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Айнӣ барои солҳои 2016-2020-ро, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 октябри соли 2015, № 65 тасдиқ шуда, дар маҷмӯъ 201 лоиҳаро ба маблағи умумии 211 миллион сомонӣ дар бар мегирад, таҳлил намуда, изҳори нигаронӣ намуд.

Давоми солҳои 2016-2018 ва нимсолаи аввали соли 2019  аз миқдори умумии лоиҳаҳо 59 лоиҳа ба маблағи 20,7 миллион сомонӣ пурра иҷро гардида, дар доираи 64 лоиҳа ба маблағи 19,3 миллион сомонӣ корҳо идома дорад. Дар маҷмӯъ иҷроиши Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Айнӣ барои солҳои 2016 – 2020 ба ҳолати  1 июли  соли 2019-ум  ҳамагӣ ба 36 фоиз баробар асту халос.

Дар ноҳияи Айни омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҷараён дорад. Тибқи нақшаи сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими иншооти пешбинишуда дар маҷмўъ дар ноҳия 499 иншоот таъиноти гуногун, аз ҷумла соли 2019-ум нисбати 211 иншоот, бояд корбарӣ ба роҳ монда шавад. Иҷрои нақшаи солона ба ҳолати 1 сентябри соли равон баробари 45%  аст, ки ин ҳолат низ боиси нигаронӣ мебошад.

Қайд карда шуд, ки аз оғози сол то имрӯз аз буҷети вилоят ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 70 ҳазор ва дар чор соли охир бошад, беш аз дусаду бист ҳазор сомонӣ барои бартараф кардани оқибати офати табиӣ ҷудо гардидааст. Дар ҳамин давра барои сохтмони иншоотҳои гуногун дар ноҳияи Айнӣ, аз ҷумла, барои бунёди бинои  мактаб барои 320 хонанда бо толори варзишӣва ошхона дар деҳаи Зеробод, сохтмони маҷмааи таърихии Нақибхон Туғрал, азнавбарқароркунии қасри фарҳанги ноҳия, сохтмони варзишгоҳ, сохтмони  мактаб барои 320 хонанда бо толори варзишӣва ошхона дар деҳаи Сангистон ва амсоли ин аз ҳисоби буҷети вилоятӣбоз зиёда аз 7 миллиону 629 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Раиси вилоят дар фарҷоми мулоқот барои вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузург 30 - солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 - солагии Саразми бостонӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста дар назди роҳбарияти ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳияи Айнӣ