Хабарҳо
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45
Мулоқоти Раиси вилоят бо Хуан Сзян Чун - 09.12.2019 15:29
Паёми шодбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи геологҳо - 09.12.2019 10:28
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия - 07.12.2019 10:25
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00

Дар ноҳияи Айнӣ ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир шуд

( 0 Овоз )

5 сентябр бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фанҳанги ноҳияи Айнӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм зимни суханронии худ мардуми ноҳияро бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки сокинони кишвар имрӯз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Аламзода Исроил Бобо сокинони ноҳияро ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Мавсуф таъкид кард, ки Истиқлолият муҳимтарин воқеаи таърихи миллати кӯҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни давлати миллӣ мебошад. Дастовардҳои бузурги мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ин пеш аз ҳама таъмини сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ мебошад.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар низ паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинон расонид.

Дар интиҳои чорабинӣ кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои дилангез табъи иштирокчиёнро болида гардониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Айнӣ ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир шуд