Хабарҳо
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29
Дар корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” то 50 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд - 03.08.2020 14:13
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Деҳқони нав” ва “Файзи нур”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов - 03.08.2020 14:09
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Нури Спитамен” ва “Исломбой саркор” - 03.08.2020 12:07
Дар ноҳияи Спитамен заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда мешавад - 03.08.2020 12:05
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 12:01

Дар Хуҷанд Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори машқу тамрин ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бо иштироки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори машқу тамрин мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тавре дар маросими ифтитоҳи иншоот иттилоъ дода шуд, сохтмони иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 оғоз гардида буд ва инак дар муддати кутоҳ ба анҷом расонида шуд. Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчии он ҶДММ «ИС №5» мебошад. Иншоот бо харҷи 7 миллион сомонӣ бо назардошти талаботи зарурӣ бунёд карда шудааст. Бино дорои ду ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳо барои ивази сару либос, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ, ва толори машқ барои дӯстдорони намуди варзиши каратедо чундокан мебошад.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки воқеан дар замони соҳибистиқлолии мамлакат маҳз бо ғамхориҳои Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Рахмон соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар рушд карда, барои машғул шудан ба машқу тамрин ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки иншоти мазкур дуюмин ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Гармидиҳии бино низ ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шудааст ва ҳарорати он дар фасли сармо бо се намуди гармидиҳӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад.

Атрофи ҳавзи шиноварӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 900 метри мураббаъ мумфарш карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори машқу тамрин ба истифода дода шуд