Хабарҳо
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45
Мулоқоти Раиси вилоят бо Хуан Сзян Чун - 09.12.2019 15:29
Паёми шодбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи геологҳо - 09.12.2019 10:28
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия - 07.12.2019 10:25
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази адлияро дар ноҳияи Деваштич мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич- шаҳраки Ғончӣ бинои нави Маркази адлияро бо идораи нотариалии давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мазкур дар масоҳати 650 метри мураббаъ сохта шуда, аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад ва дорои 6 ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони Идораи нотариалии давлатӣ, кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази ақди никоҳи навхонадорон, толори машваратии ройгони ҳуқуқӣ мебошад. Масоҳати таҳхона барои нигоҳдории санаду ҳуҷҷатҳои бойгонӣ истифода мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз иншооти навбунёд ва шароити фароҳамомада ба масъулину кормандон баҳри хизматрасонии хубу босифат ба аҳолӣ дар иҷрои ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ, баргузории ақди никоҳи навхонадорон, додани машваратҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими оиладорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои ақди никоҳ ва машваратӣ бо мебелу лавозимоти замонавии корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин имконият медиҳад, ки маҳсулнокии кору хизматрасониҳо ба аҳолӣ дар маркази нави адлия дар ноҳияи Деваштич дар сатҳи баланд анҷом дода шавад.

Намои берунии бинои Маркази адлия ба таври замонавӣ ороиш дода шуда, саҳну атрофи иншооти нав сарсабзу ободон, гулу гулкорӣ ва чароғон карда шудааст. Фаввораҳо барои баргузории маросими ақди никоҳи навхонадорон, сайру истироҳати сокинони шаҳрак ва деҳоти ноҳия шароити беҳтар фароҳам овардаанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази адлияро дар ноҳияи Деваштич мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд