Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз парвариши помидор ва қаламфури ширин дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» - 29.05.2020 19:20
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 18:26
Спитамен: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд - 29.05.2020 16:53
Боздиди Раиси вилоят аз рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Спитамен - 29.05.2020 16:36
Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуши ноҳияи Данғара - 29.05.2020 13:46
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Суди ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 29.05.2020 13:44
ҲИСОБОТ оид ба иҷрои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2020 - 28.05.2020 18:48
Хуҷанд: Ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид - 29.05.2020 11:00
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Сано» - 28.05.2020 20:40
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд - 28.05.2020 20:43

Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Чойхонаи миллии Қасри Арбоб чорабинии идона баргузор гардид

( 0 Овоз )

6 июли соли равон бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Чойхонаи миллии Қасри Арбоб чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии идонаи шахсони имконияташон маҳдуд муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ иштирок намуда, паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонид.

Қайд карда шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ғамхорӣ нисбат ба маъюбону ятимон яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суҳбатҳои худ пайваста аҳли ҷомеаро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ ба ятимону маъюбон даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии онҳо ҳамеша иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамоянд.

Мавриди тазакур аст, ки дар миқёси вилоят 46 ҳазору 221 маъюб зиндагӣ доранд, ки 1463 нафари онҳо бо қарорҳои махсуси Раиси вилоят бо кӯмакпулӣ таъмин ва нисбат ба дигарон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ пайваста дастгирӣ ва ғамхорӣ зоҳир мешаванд. Ин аст, ки дар 6 моҳи соли 2019-ум 784 нафар маъюб бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин шуданд.

Ба хотири барқарор кардани саломатии маъюбон ҳамасола ҷиҳати дар осоишгоҳҳо истироҳату табобат гирифтани маъюбон шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.

Назира Fаффорӣ иштирокдоронро руҳбаланд сохт, ки минбаъд низ таъмини ниёзҳои иҷтимоии маъюбон мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату ҳукумат қарор дода шуда, барои идомаи ин падидаи инсонпарваронаи Президенти кишвар кӯшиш менамоянд.

- Шумо чун узви ҷудонопазири ҷомеа ҳамеша дар канори мо ҳастед ва бо ҳузури  хеш  метавонед дар пешрафти соҳаҳои мухталиф нақши босазо гузоред,- иброз дошт муовни Раиси вилоят.

Дар чорабинӣ ҳамчунин барои беҳдошти вазъи моддии муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва ва маъюбони шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии «Хона-интернати ҷумҳуриявӣ барои пиронсолон ва маъюбон» дар шаҳри Панҷакент, Муассисаи давлатии «Хона-интернат барои беморони руҳӣ дар ноҳияи  Ҷаббор Расулов», Марказҳои ёрии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Деваштич, шаҳрҳои Истаравшан ва Конибодом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ, туҳфаҳои идона ва шириниҳо ба кӯдакони маъюб тақдим  шуд.

Дар ин рӯз барои маъюбон дастархони идона ороста шуда, барномаи консертӣ низ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Чойхонаи миллии Қасри Арбоб чорабинии идона баргузор гардид