Хабарҳо
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: 1-2 июл дар зери шуоъҳои офтоб камтар истед!

( 0 Овоз )

Нисфирӯзии 1-2 июли соли равон  дар ҷумҳурӣ ҳарорати рўзонаи ҳаво баланд шуда, дар  вилояти Хатлон гармӣ то +45 дараҷа мерасад. Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин рӯзҳо дар  водиҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ ҳарорат ба  40+42 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд то +29, ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ то 33+35 ва дар ноҳияҳои шарқии ВМКБ то +22 дараҷа мерасад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳавои гарм ва хушк ба Тоҷикистон аз ҳудуди нимҷазираи Араб, Ҷумҳурии Эрон, Туркманистон, Ўзбекистон ва шимоли Афғонистон ворид мешавад.

Вобаста ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз сокинону  меҳмонони мамлакат хоҳиш  менамояд, ки дар ин рӯзҳо  эҳтиёткор бошанд ва зери шуоъҳои офтоб камтар истанд.

Бино ба зикри манбаъ, гармои шадид сабабгори бошиддат об шудани пиряхҳо ва барфҳо дар баландкӯҳҳо мегардад. Инчунин эҳтимолияти боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тарма ва резиши санг дар назар аст.

-Иловатан аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки 1-2 июл ҳангоми аз хона баромадан ҳамроҳи худ об, кулоҳ ва чатр гиранд. Ҳангоми  истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва назди рӯду дарёҳо эҳтиёткор бошанд. Бахусус ҷавонон ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бодиққат буда, қоидаҳои шиновариро риоя намоянд,- омадааст дар огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: 1-2 июл дар зери шуоъҳои офтоб камтар истед!