Хабарҳо
вилояти Суғд - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:56
ВМКБ - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:51
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон-1” - 03.04.2020 14:19
КОРОНАВИРУС: АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭҲТИЁТ ШАВЕМ! - 03.04.2020 13:38
Дар ДДҲБСТ дар мавзӯи “Системаҳои иттилоотӣ: муаммаҳо ва дурнамои рушд” конференсияи илмию амалии вилоятӣ доир гардид - 03.04.2020 13:35
Суғд: Аввалин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд - 03.04.2020 11:21
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ “Атласи Хуҷанд” - 03.04.2020 10:24
Яғмогаре, ки даъвои мардумпарварӣ дорад (Ё чи тавр «дилсӯзи миллат» Кабирӣ, бинои сохташавандаи беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро қисм-қисм карда фурӯхт) - 02.04.2020 17:13
Ҷавоб ба муҳаррири сомонаи «рисолат.тҷ» (Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИ) - 02.04.2020 17:11
Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда мешавад - 02.04.2020 16:37

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии санаи ҳумоюни таърихи миллат - Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кулли ҳамватанони азиз самимона табрик гуфта, бахту иқболи накӯ, рӯзгори орому осуда, хотири ҷамъ ва осмони софу беғубор таманно мекунам.

Санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии мардуми кишвар марҳилаи навро оғоз бахшид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба арзиш ва аҳамияти сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозию қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи рушди босубот қадамҳои устувор мегузорад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ пазируфта шудани саноатикунонии мамлакат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят барои густариши корҳои созандагию ободонӣ ва шукуфоӣ мусоидат менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати татбиқи нақшаю ниятҳои ояндасози Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сохтмон, таъмиру тармим ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, қасрҳои  фарҳангӣ, китобхона,  иншооти  соҳаи  варзиш  ва нигоҳдории тандурустӣ, бунёди роҳу пулҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ ва ба вуҷуд овардани тамоми шароити ба зиндагии муосир мувофиқ дар ҳамаи ҷамоат, шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят иқдом гирифта, барои бо дастовардҳои сазовори меҳнатӣ пешвоз гирифтани санаҳои таърихӣ талош меварзад.

Боварӣ дорам, ки сокинони сарбаланди вилоят дар ҳифзи ваҳдати миллӣ, ҳамчун самараи даврони соҳибистиқлолӣ, тарбияи ҷавонони ватандӯст ва амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи бо сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамрадиф нақши равшани хешро дар шукуфоии минбаъдаи Ватани азизамон хоҳанд гузошт.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар тамоми сокинони вилоятро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод мегӯям.

Бигзор, ливои сулҳу ваҳдат, файзу баракат ва суботу оромӣ дар кишварамон ҳамеша парафшон бошад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ