Хабарҳо
Ғолибони 20 - рӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд - 23.10.2019 15:51
Баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум - 23.10.2019 15:57
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мулоқот карданд - 22.10.2019 16:42
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок намуданд - 22.10.2019 16:37
Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд! - 22.10.2019 13:21
Дар Исфара оид ба «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал» машварати омӯзишӣ сурат мегирад - 22.10.2019 10:10
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59

Оғози мумфаршкунии роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон

( 0 Овоз )

Рӯзи 24 июн дар ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки роҳи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз раванди корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдовар шуда, таъкид кард, ки соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо беш аз 100 километр роҳҳои мошингард мумфарш хоҳад шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба масофаи 2,6 километр мумфарш карда мешавад ва фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози мумфаршкунии роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон