Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи меҳмонон аз Ҷумҳурии Белорус

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 20 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи калони меҳмонон аз Ҷумҳурии Белорусро, ки ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” ба вилоят ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода меҳмонон - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар ва ҳайати ҳамроҳонашонро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки мулоқоту музокирот ва гуфтушунидҳои дар доираи Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” доиршаванда барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамояд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таъкид кард, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи сарони кишварҳо ҳамкориҳо дар ҳамаи бахшҳо беш аз пеш густариш меёбанд. Зикр карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардида, дар ин самт бунёду сохтмони садҳо корхонаҳои хурду бузург идома дорад. Дар ин раванд ҷонибҳо метавонанд бо бунёди корхонаҳои муштарак ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов ва муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар барои даъват ва пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, баргузории чунин ярмаркаҳои сатҳи байналмилалиро барои густариши муносибатҳо муҳим арзёбӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" намояндагони Палатаи савдо ва саноати вилояти Минск ва як қатор ширкатҳои истеҳсолии Белорус иштирок мекунанд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" миёни соҳибкорону истеҳсолкунандагони Тоҷикистону Белорус шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида, дар рушди муносибатҳо саҳифаи нав боз мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи меҳмонон аз Ҷумҳурии Белорус