Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз парвариши помидор ва қаламфури ширин дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» - 29.05.2020 19:20
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 18:26
Спитамен: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд - 29.05.2020 16:53
Боздиди Раиси вилоят аз рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Спитамен - 29.05.2020 16:36
Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуши ноҳияи Данғара - 29.05.2020 13:46
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Суди ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 29.05.2020 13:44
ҲИСОБОТ оид ба иҷрои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2020 - 28.05.2020 18:48
Хуҷанд: Ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид - 29.05.2020 11:00
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Сано» - 28.05.2020 20:40
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд - 28.05.2020 20:43

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 500 гектар помидор кишт карда шудааст

( 0 Овоз )

Имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 500 гектар помидор кишт гардида, айни замон дастранҷи деҳқонони ноҳия ба бозорҳои вилоят бароварда шуда истодааст. Дар ин бора имрӯз зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии “Қалъача”-и ноҳия иттилоъ дода шуд.

Хоҷагии деҳқонии “Қалъача” дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача воқеъ буда, яке аз хоҷагиҳои пешқадам дар самти парваришу истеҳсоли помидор ба ҳисоб меравад. Саҳмдорони хоҷагӣ соли равон дар 0,7 гектар помидор кишт намуда, ният доранд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, талаботи сокинонро то андозае қонеъ намоянд. Дар хоҷагӣ ҳамчунин дар 1,2 гектар пахта, 0,3 гектар картошка ва 0,1 гектар карам кишт карда шудааст.

Раиси вилоят ҳангоми боздид ба фаъолияти кишоварзони хоҷагӣ баҳои баланд дод ва аз онҳо даъват намуд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ мунтазам бо олимони соҳаи кишоварзӣ ҳамкорӣ намоянд.

Сипас, Раиси вилоят дар бригадаи рақами сеи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нашъунамои пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар бригадаи мазкур 93 гектар пахта кишта шудааст ва тавре мушоҳида гардид нашъунамои пахта хуб мебошад.

Раиси вилоят ҳамзамон аз Филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон боздид карда, барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани меваҳои пухтарасида ба масъулин тавсияҳо дод.

Ёдовар бояд шуд, ки Филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дорои 563 гектар замин буда, аз он 383,8 гектарашро боғот ва 87,5 гектарашро токзор ташкил медиҳад.

Дар заминҳои институт боғи коллексионии зардолу, минтақаи коллексионии ангур, қитъаи парвариши ниҳолҳои қадпаст бо усули интенсивӣ, қитъаи намоишии боғи интенсивии зардолу, парвариши ниҳолҳои ояндадори ангур ва тарзи қаламчагӣ, қитъаи намоиши санҷишии боғи шафтолу, олу ва бодом мавҷуд аст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 500 гектар помидор кишт карда шудааст