Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” гузаронида мешавад

( 2 Овоз )

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 20 июн то 1 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” гузаронида мешавад.

Мақсади асосии озмун аз дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию меросӣ иборат мебошад.

Бояд қайд намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровии беҳтарин дар се давр гузаронида шуда, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, даври дуюм дар маркази вилоятҳо ва даври сеюм дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун бо диплому ҷоиза ва дигар туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ мегарданд.

Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур бар пояи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор баргузор хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” гузаронида мешавад