Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-назариявии “Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ”

( 0 Овоз )

Дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар мавзўи «Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Конфронсро директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Рауф Олимӣ оғоз намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар чорабинии имрӯза олимону донишмандони маъруфи соҳаи иқтисод аз донишгоҳҳои олии кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Булғория ва мактабҳои олии Тоҷикистон ҳузур доранд. Ҳадафи асосии конфронс баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, дарёфти роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар саноатикунонии кишвар ва паҳн намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ арзёбӣ шуд. Конфронс аз рӯи 7 бахш идома ёфта, олимони соҳа фикру мулоҳизаҳои хешро пешниҳод менамоянд ва маҷмуаи мақолаҳои пешниҳодгардида дар шакли китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиёни конфронс расонида, перомуни рушди иқтисодии кишвар фикрҳои худро баён намуд.

Сипас, конфронси байналмилалии илмӣ-назариявии “Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” дар бахшҳо идома ёфта, дар он аз тарафи устодони варзидаи соҳаи иқтисод зиёда аз 170 маърўза пешниҳод ва муҳокима гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-назариявии “Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ”