Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз парвариши помидор ва қаламфури ширин дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» - 29.05.2020 19:20
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 18:26
Спитамен: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд - 29.05.2020 16:53
Боздиди Раиси вилоят аз рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Спитамен - 29.05.2020 16:36
Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуши ноҳияи Данғара - 29.05.2020 13:46
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Суди ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 29.05.2020 13:44
ҲИСОБОТ оид ба иҷрои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2020 - 28.05.2020 18:48
Хуҷанд: Ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид - 29.05.2020 11:00
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Сано» - 28.05.2020 20:40
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд - 28.05.2020 20:43

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд шинос шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки сохтмони бинои нави табобатӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта буд.

Мувофиқи лоиҳа бинои нави табобатӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат аст ва фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Евростройсервис» ба анҷом мерасонанд.

Зимни шиносоӣ Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати бештар намудани шумораи сохтмончиён ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмон дастуру супоришҳо дод.

Ҳангоми боздид аз Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд Раиси вилоят аз зарурати таҷдиди хиёбони Раҳмон Набиев ва ба гулгашт табдил додани соҳили дарёи Сир, аз ҳудуди пули “Ҷашнӣ” то мавзеи Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ёдовар шуд. Дар ин замина ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят, сармеъмори вилоят ва дигар шахсони масъул оид ба омода намудани лоиҳаи навсозии хиёбон супоришҳои мушахас дода шуд.

Сипас, Раиси вилоят вазъи кунунии Муассисаи давлатии Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатӣ барои маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар аснои боздид таъкид карда шуд, ки дар марказ боз як бинои нав сохта шуда, шароити табобату истироҳат дар ин муассиса беҳтар гардонида хоҳад шуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки лоиҳаи бинои навро бо назардошти талаботи замони муосир омода ва пешниҳод намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд