Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Муборизаи дастаҷамъона бо зуҳуроти номатлуб

( 0 Овоз )

Ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 тасдиқ карда шудааст, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Мулоқотро ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода ифтитоҳ карда, афзуд, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо дар он маврид натиҷабахш шуда метавонад, ки агар ҳар як узви ҷомеа бо ин зуҳуроти номатлуб бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда муқовимат нишон диҳад.

Сипас, Шоира Матаваллиён – майори адлия, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба мазмуну муҳтаво ва ҳадафи Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020, Шўҳратҷон Абдуллозода – сардори шуъбаи раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба пешгирии гардиши ғайриқонқнии маводи мухаддир баромад намуданд.

Зимни суханрониҳо зикр гардид, ки амалҳои коррупсионӣ, ҳодисаҳои террористиву экстремистӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки ба пешрафти давулату ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд.  Бинобар ин, баҳри муқовимат бо ин падидаҳои хатарзо тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд муборизаи дастаҷамъона баранд.

Дар қатори баргузории чорабиниҳои мухталиф, ҷиҳати муқовимат бо падидаҳои номатлуб доир намудани озмунҳои мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Ояндаи ҷомеа дар дасти туст, ба коррупсия муқовимат намо!” байни донишҷӯёни донишгоҳ ва расми беҳтарин дар мавзӯи “Коррупсия аз нигоҳи ман” байни хонандагони Литсейи ДДҲБСТ аз тадбирҳҳои муфид буд, ки дар интиҳо натиҷагирӣ ва ҷамъбаст гардид.

Ғолибони озмунҳои мазкур бо мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Муборизаи дастаҷамъона бо зуҳуроти номатлуб