Хабарҳо
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59
Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 21.10.2019 13:27
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон - 21.10.2019 13:20
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд - 21.10.2019 12:53
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32

Қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразми бостонӣ

( 0 Овоз )

12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразми бостонӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 24 майи соли 2019,№238 ба тасвиб расид.

Дар асоси қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразм тасдиқ гардида, шуъбаҳо, сарраёсату раёсатҳо, дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо вазифадор карда шудаанд.

Ба ниҳодҳои марбута ҳамчунин дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Мавриди зикр аст, ки ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид.  Он дар 15- километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45- километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи он қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.

Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудаанд, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи зайл мебошанд: давраи I – cолҳои 3500-3200 то асри мо; давраи II — солҳои 3200-2900 то асри мо; давраи III – cолҳои 2900-2700 то асри мо; давраи IV –солҳои 2700-2900 то асри мо.

Асоси иқтисоди сокинони Саразмро   ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медодааст, ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ иборат будааст. Аз охири ҳазораи IV сар карда, то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металлургии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Ба ин  захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ  дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст. Бо густариши робитаҳо дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV то асри мо саразмиён бо марказҳои қадимаи заминдории Туркманистони Ҷанубӣ, Эрон, Балуҷистон, Ҳиндустон ва Афғонистон ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ  мондаанд. Ҳамин тариқ, шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва  муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразми бостонӣ